ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Қирғизистон ният дорад, ки то охири соли равон масъалаҳои марзҳои номуайянро ҳал кунад, изҳор доштааст Содир Ҷабборов раисҷумҳури он кишвар.
"Мо ҳама медонем, ки масъалаи роҳандозии марз бо кишварҳои ҳамсоя даҳсолаҳо ҳалли худро наёфтааст. Мо мақсад гузоштем, ки соли равон дар масоили марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя созиш ба даст орем", - таъкид намудааст Ҷабборов.
Ба таъкиди ӯ, Қирғизистон азм дорад ба кишварҳои ҳамсояи худ як қатор лоиҳаҳои байнидавлатӣ, долонҳои нақлиётӣ, иртиботи ҳавоӣ, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар марз, аз ҷумла чораҳо оид ба масъалаҳои мураккаб, аз қабили истифодаи об пешниҳод намояд.
Қисматҳои номуайян дар марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи сокинони наздисарҳадии ду кишвар табдил меёбанд.
Охирин таниш байни сокинони назди марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Бар асари ин даргирӣ тақрибан 50 нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуда, зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Илова бар ин, манзилҳои зист ва иншоотҳои инфрасохторӣ низ аз ҳар ду ҷониб хароб ва ё комилан сӯзонда шуданд.
Шоми 29 апрел ҷонибҳо дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расиданд, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ боз аз сар гирифта шуд.
Боз як сулҳи дигар баъд аз зӯҳри 30 апрел ба даст омад. Ҳоло вазъият дар марз ором арзёбӣ мешавад.