Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот ба сокинони Хоҷаи аъло ва Сомониён гуфт, ки онҳо танҳо нестанд ва Ҳукумату давлат дар паҳлуяшон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз супориши фаврии кишвардори Тоҷикистон, бобати давоми як моҳ барқарору бунёд кардани манзилҳои харобгашта ба деҳаҳои Хоҷаи аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара рафт.
Манзилҳои харобгаштаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён
Бар хабари котиботи раисис ин вилоят, Аҳмадзодо бо сокинони зарардида аз таниши ахири марзӣ мулоқот намуда ба онҳо ваъда дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми манзилу биноҳое, ки сӯзонда ва ё хароб гардиданд, барқарор мешаванд.

"Давлат ва ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва бо дастгирии роҳбари давлат якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем", - афзудааст Аҳмадзода ба сокиноне, ки манзилҳои худро аз даст доданд.

Манбаъ меафзояд, айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.
Сокинони деҳаҳое, ки хонаҳои онҳо дар таниши ахири марзӣ валангор гардид
Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён изҳор доштаанд, ки манзилҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қасдан сӯзонда шуда, сипас онро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 май, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат, роҳбари давлат супориш дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми хонаҳои сокинон, ки бар асари даргирии мусаллаҳона қисман ва ё пурра хароб гардида буданд, бунёду барқарор шаванд.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки раиси вилоят мунтазам аз хонаводаҳои мотамзада ва ҳамчунин оилаҳое ҷабрдида, дидан намояд.