ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik.Тибқи иттилои котиботи президент, бо амри Эмомалӣ Раҳмон Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон бо сабаби ба нафақа баромадан аз мақомаш барканор шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда то кунун дар вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.
Президенти кишвар ҳамзҳамон Идизода Файзалӣ Фузайлшоро аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардааст.
Тибқи амри раисиҷумҳур, Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақомаш барканор шуд.
Ёдовар мешавем, Идизода мои январи соли гузашта аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт" бан ин мақом расида буд.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон ва Идизода Файзалӣ Фузайлшо киҳоро таъйин кардааст, иттилое дар даст нест.