Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

СААД созиши оташбаси Душанбею Бишкекро истиқбол кард

СААД талоши Тоҷикистону Қирғизистонро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Созмони Аҳднома Амнияти Дастаҷамъӣ ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро истиқбол мекунад.
Дар ин бора котиби матбуотии ташкилот Владимир Зайнетдинов иброз дошт.
"СААД аз ба даст овардани созишҳо дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин хуруҷи қисмҳои низомӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол мекунад", - омадааст дар изҳорот.
Ин созмон хоҳиши ҷумҳуриҳои ҳамсояро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ кард.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марз ором: Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, агар таркиш шуд, ба воҳима наафтед
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дабири кулли СММ Душанбе ва Бишкекро ба риояи оташбас даъват кард
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.