ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизиро имрӯз сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин кард.
Раҳмонзода Абдуҷаббор, қаблан дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.
Ёдовар мешавем қаблан Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомӣ буд, ки ҳамакнун муовини вазири корҳои хориҷии кишвар таъйин шудааст.
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ бошад 62 сола, зодаи деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоб аст.
Номбурда адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология, профессор (1999), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, ходими давлатӣ аст.
Номбурда қабалан дар вазифаи Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ахиран дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард
Абдуҷаббор Раҳмонзода бо нишони сарисинагии "Аълочии маорифи Тоҷикистон" (1977), ордени "Шараф", (2006), Медали "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" (2011), "Ифтихорнома"-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012), "Диплом"-и Агентии Федиралии ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ-и Федератсияи Россия (2014) қабдрдонӣ шудааст
Ӯ ҳамзамон узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст