ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik.Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2,0- 4,0 дараҷа баланд (меъёр дар водиҳо 20+25 ва доманакӯҳҳо 16+17 дараҷа) шуда, ҳаво дар водиҳо 21+28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, дар ноҳияҳои водигӣ рӯзона аз 25+30 то 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +38 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ тағйирёбии вазъи ҳаво дар назар буда, аз 20+25 то 25+30 ва шабона 8+13 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.
Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо боронҳои шиддатнокиашон гуногун борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест. Вазъи миёнаи ҳавои моҳи майи соли 2021 дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаҳои водигии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбат ба моҳи майи соли гузашта аз меъёр 1-2 дараҷа гармтар пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Суғд ошад, моҳи май ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 22+23, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 9+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ дар ин минтақа тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, рӯзона дар водиҳо ҳаво аз 24+29 то 30+35 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар моҳи майи соли 2021 дар қисми зиёди ноҳияҳо аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, боронҳои шиддатнокиашон гуногун ва раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимол жола борад. Вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддати то 20-25 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳавои моҳи майи соли 2021 дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи майи соли гузашта баробар пешбинӣ шудааст, афзудааст манбаъ.
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи май аз меъёри иқлимӣ +1,5 дараҷа баландтар пешгӯӣ шудааст. Дар ин моҳ ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ 13+17, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ 14+16 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, ҳаво рӯзона аз 15+20 то 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ низ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, аз 17+22 то 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар бештари ноҳияҳо ба амал омадани бориши аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Асосан дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши шиддатнокиашон зиёд дар назар дошта шудааст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои моҳи майи соли 2021 дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба моҳи майи соли гузашта дар ҳудуди меъёр пешбинӣ шудааст, таъкид кардааст Агентӣ.
Моҳи май дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво аз меъёри иқлимӣ +2 дараҷа гармтар пешгӯӣ шудааст. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, рӯзона ҳаво аз 8+13 то 13+18 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориш моҳи майи соли 2021 аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ шудааст.
Давоми моҳ дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Рӯзҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои нисбат ба моҳи майи соли гузашта аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар дар назар аст.