Тоҷикистон мехоҳад барои ҳамлу нақли бор аз бандари “Туркманбошӣ” истифода намояд

Намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳамдигар гуфтугӯи маҷозӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ин ҷаласа намояндагони Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ва ожонси “Туркман Отавагларӣ” ва “Туркман Дамирёларӣ”-и Туркманистон ширкат карданд.
Тарафайн дар гуфтугӯҳои дуҷониба дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии ҷодаӣ ва ҳамли бор аз тариқи роҳи оҳанро баррасӣ карданд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент - Булунғур/Ҷомбой роҳи оҳан месозанд
Дар ин нишасти маҷозӣ ҳамчунин имкони истифода аз бандари “Туркманбошӣ” барои ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ширкаткунандагон дар идомаи алоқамандӣ ва омодагии худро барои азсаргирии таъомулоти ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии ҷодаӣ ва ҳамли коло аз тариқи роҳи оҳан эълом карданд.