ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар рафти суҳбат роҳбарони ду кишвар муколамаи амалиро дар сатҳи олӣ идома доданд.
“Масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд”, таъкид доштааст манбаъ.
Дафтари матбутоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар ин зимина ҷонибҳо оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки президенти Тоҷикистон аз Роҳбари давлати Қазоқистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал овард.
Зикр шудааст, ки даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки бо даъвати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи майи соли 2021 сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.