Биноҳои истиқоматӣ ва мошинҳои сӯхташуда, танҳо як қисми харобиҳое, ҳастанд, оқибати муноқишаро дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон инъикос мекунад.
Сабаби муноқиша нуқтаи обтақсимкунии Головной буд. Бишкек таъкид мекунад, ки ин як иншооти муҳими стратегии Қирғизистон аст, аммо Душанбе қайд мекунад, ки ин иншоот дар қаламрави Тоҷикистон сохта шудааст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми насб кардани камераҳои назоратӣ дар ин макон шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи тоҷикон санг партофтаанд. Мақомоти кишвари ҳамсоя ин изҳоротро рад карда, қайд карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда вазъро шиддат карданд ва ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.