Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Прокуратураи генералӣ алайҳи ҳудуди 200 низомиву мулкии қирғиз парванда боз кард

Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи як гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Як манбаъ дар ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод тибқи қисми 2 - и моддаи 395 ва қисми 2, моддаи 104 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.
“Ҳуввияти теъдоди қобили мулоҳизаи ин афрод ба мо маълум аст ва пас аз такмили парванда аз ҳукумати он кишвар хоста хоҳад шуд, ки онҳоро ба Тоҷикистон таҳвил диҳанд. Ин парванда аз сӯи Прокуратураи генералӣ раҳбарӣ мешавад ва дар кори он намояндагони дигар мақомоти қудратӣ низ ширкат хоҳанд дошт”, - гуфт ин манбаъ.
Қисми 2 - и моддаи 395 – и Кодекси ҷиноӣ - “оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона”, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол ва қисми 2, моддаи 104 – “одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ” маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 25 сол, ҷазои қатл ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунанд.
Сангу хокистар: аксҳои деҳаҳои харобшудаи Исфара баъд аз муноқиша бо Қирғизистон
Ҳамзамон Прокуратураи генералии Тоҷикистон фарзияи расмии ҳодисаеро пешниҳод мекунад, ки 29 апрели соли 2021, тахминан соати 11, дар қаламрави деҳаи Хоҷаи Аъло дар марзи Қирғизистонро ироа мекунад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, он замон дар рӯбарӯи дидбонгоҳи марзбонии №2-и “Хоҷаи Аъло”-и қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи пости “Головной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҳудуди 200 хизматчии ҳарбӣ ва сокини Қирғизистон дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.
“Аз ягон масъала пурсон нашуда, шахсони мазкур бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон ба буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт”, - мегӯяд ин ниҳод.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КҲФ ҳаҷми зарари расида ба Тоҷикистонро дар марзи Қирғизистон муайян мекунад
Бино ба иттилои ин манбаъ, барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир мешаванд, аммо ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи автоматикии оташфишон бо ҳадафи ҳазфи ҷисмонии онҳо оташ кушода шуд.
“Дар натиҷаи ин ҳамлаи мусаллаҳона Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, инчунин як идда сокини маҳал ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд”, - мегӯяд Прокуратураи генералӣ.
Ин манбаъ меафзояд, ин афроди мулкии қирғиз ба ин ҳам қаноат накарда, бо пуштибонии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти Суғд: биноҳои тахрибшуда дар муноқишаи марзӣ то Иди Рамазон таъмир мешаванд
“Истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад. Аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гуруҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад”, - гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар ва ба оташ кашида шудани даҳҳо хонаи истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншоот, объектҳои инфрасохторӣ ва ворид шудани зарари калони моддӣ ба шаҳрвандон ва давлатро эътироф карда, аммо аз овардани арқоми мушаххас худдорӣ мекунад ба ин далел, ки ҳанӯз арқом ниҳоӣ нашудаанд.