Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тафтишот тибқи моддаҳои 395 ва 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар робита ба шиддат гирифтани муноқиша дар марзи ҷумҳурӣ оғоз карда шудааст.

“Аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”, - таъкид доштааст манбаъ

Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.
Қаблан, додситонии Қирғизистон мурофиаи пешакиро аз рӯи моддаи N380 "Ҷиноят алайҳи сулҳ" оғоз карда буд.

Таниш дар марз

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Тоҷикистон: вазъ дар марз ором аст
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.