Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Суғд: биноҳои тахрибшуда дар муноқишаи марзӣ то Иди Рамазон таъмир мешаванд

Ҳукумати вилояти Суғд эълон намуд, биноҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон харобу валангор гардиданд, то Иди Рамазон таъмиру навсозӣ мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба Sputnik Тоыикистон хабар дод, ки корҳои бартарафкунии паёмади муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара оғоз ёфтааст.
Ӯ таъкид кард, биноҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ қисман тахриб шуданд, то Иди Рамазон пурра таъмир мешавад.
“Шумори биноҳое, ки пурра сӯхтаву хароб шудаанд, то як моҳи оянда навсозӣ шуда, ба истифода дода мешаванд”, - гуфт Юнусов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи хароҷот барои барқароркунии таъсир ва сохтмони хонаву иншоотҳо дар деҳоти наздимарзии Исфара аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ва мақомоти кишвар пардохт карда мешаванд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Ягон кас намонд”: тафсилоти баргардонидани 10 гаравгони қирғиз
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон низ эълн кардааст, ки хонаҳои осебдидаи сокинони вилояти Бодканд аз ҳисоби давлати Қирғизистон пурра барқарор карда мешаванд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон таъкид доштааст, ки хонаҳои сокинони минтақаи Бодканд, ки дар натиҷаи рӯйдодҳои ахир дар марзи давлатӣ осеб дидаанд, аз ҳисоби давлат пурра барқарор карда мешаванд.
Ҳамзамон, манбаъ зикр кардааст, ки манзилҳое, ки барқарор карда намешаванд, инчунин аз ҳисоби давлат дубора ройгон сохта мешаванд.