ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе рӯзи 1 май 29 нафар осеб диданд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.
“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, - омаааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.
Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад.
Ёдрас мешавем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад. КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Аз алангаи оташ ва таркиш як манзили истиқоматии назди нуқтаи фурӯш ва кӯдакистони хусусӣ қисман зарар диданд.