Гурҷистону Тоҷикистон роҳҳои беҳтар намудани бахши сайёҳиро баррасӣ намуданд

Интизор меравад, ки Тоҷикистон ва Гурҷистон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил намуда, мутахасисони соҳаи сайёҳиро бозомӯзӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Тоҷиддин Ҷӯразода ва муовини Маъмурияти миллии туризми Гурҷистон Медея Ҷаниашвили, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Кумитаи рушди сайёҳии хабар додааст, ки ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардад.
Гуфта шудааст, мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар Тоҷикистон Феҳрасти давлатии захираҳои сайёҳӣ таҳия мешавад
Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Дар мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солиев низ иштирок намуд.