Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дастури Содир Ҷабборов дар барои тафтиши муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон

Раисҷумҳури Қирғизистон дастур дод, ки тафтиши муноқиша дар марз оғоз шавад ва аз мардуми қирғиз даъват кард, ки ба иғвоҳо дода нашаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар робита ба мӯътадил шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ба мардум муроҷиат кард, иттилоъ додааст Sputnik Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар муроҷиатномааш раисҷумҳури Қирғизистон таъкид доштааст, ки 28-30 апрел барои мардуми Қирғизистон рӯзҳои таърихии сахти озмоишӣ ва ғаму андӯҳ шуданд.
“Умумияти арзӣ ва амнияти Ватани мо зери хатар қарор дошт, сулҳи мардуми осоишта вайрон шуд”, - гуфт Ҷабборов.
Вай афзуд, ба шарофати омодагӣ, рӯҳияи баланд ва қаҳрамонии марзбонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мо тавонистем умумияти арзии кишварамонро ҳифз намоем.
“Мутаассифона, мо талафоти вазнин дидем, ҳазорон шаҳрвандони мо маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд”, - қайд кард раисҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов дар муроҷиаташ ба мардуми Қирғизистон ба оила ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Агар медонистед дар марз ҷанг мешавад, чаро ба Олмон парвоз кардед? - посухи Тошиев: видео
“Аз марги писарон ва духтарони мо, алахусус духтари 12-сола сахт андӯҳгинам! Орзумандам, ки садҳо нафар шаҳрвандони зарардида зуд шифо ёбанд. Ман ба қаҳрамонии хизматчиёни ҳарбии шуҷоатманди мо, ки ҷони худро дар роҳи ҳимояи манфиатҳои кишвар ва халқ қурбон кардаанд, қадр мекунам. Онҳо худро насли ҳақиқии Манас ва қаҳрамонони қирғиз нишон доданд!”, гуфт Содир Ҷабборов
Вай ҳамчунин илова кардааст, ки дар натиҷаи ҳимояи нотарсона ва якравонаи сарҳадҳо аз ҷониби марзбонон ва мақомоти амниятии Қирғизистон музокирот оғоз ёфт ва танҳо роҳи дипломатии ҳалли муноқиша муайян карда шуд.
Содир Ҷабборов таъкид намудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз авҷ гирифтани муноқиша бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба сӯҳбат кардааст.
“Пас аз кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз протокол ба имзо расид. Инчунин метавон ҷавонони моро дарк кард, ки мехостанд ба Бодканд шитоб кунанд ва аз мақомот талаб карданд, ки ба онҳо силоҳ диҳанд. Ҳамин тавр, онҳо ватандӯстиашонро нишон доданд”, зикр кардааст раисҷҷумҳури Қирғизистон.
Вале президенти Қирғизистон илова кардааст, ки бо силоҳ таъмин кардани онҳо барои пешгирии муноқишаҳои васеъ ва нигоҳ доштани субот ғайриимкон буд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз кард
“Мо хатогиҳои дигаронро такрор накардем. Дар баробари ин, мо набояд фаромӯш кунем, ки баъзе иғвогарон нисбат ба нерӯҳои беруна хатарноктаранд. Муҳим он аст, ки тартиботро нигоҳ доред, то ба талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо халал расонида нашавад. Мо аз ҷониби худ ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба деҳоти як давлати ҳамсоя ҳамла кунанд, ба мардуми осоишта ҳамла кунанд ва хонаҳои онҳоро вайрон кунанд. Ман талаб кардам, ки онҳо ба берун аз Қирғизистон нараванд ва аввал тир напарронанд”, - гуфт Ҷабборов.
Вай афзуд, агар муноқиша авҷ мегирифт, ҳарду ҷониб талафоти азимтар мекашиданд, садҳо ва ҳазорҳо оилаҳо метавонистанд зарар бубинанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои охири рӯз аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: сокинон бармегарданд
“Ман фикр мекунам, ки мардуми мо ҳама чизро дуруст фаҳмиданд. Хушбахтона, ҳарду ҷониб хунрезиро бас карданд. Танҳо Худо медонад, ки ин муноқиша то кай давом карда метавонад. Ҳарду ҷониб набояд ба идомаи даргирии мусаллаҳона роҳ диҳанд!”, - илова кард раисҷумҳури Қиризистон.
Содир Ҷабборов гуфт, мо ҳамсояи ҳамешагӣ ҳастем. Мо наметавонем заминеро, ки аз гузаштагон мерос мондааст, тарк кунем ва ба ҷои дигар кӯчем. Ҳадафи мо беҳбудии мардум, умумияти арзии кишвар аст.
Вай зикр кард, ки ҳоло раванди баргаштани сокинон ҷараён дорад.
“Ман аз ҳар як оила даъват мекунам, ки ба ҷойҳои истиқомати қаблии худ баргарданд. Барои барқарор кардани хонаҳои вайроншуда ва сӯхта чораҳо андешида мешаванд. Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дастгирӣ ва омодагӣ барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ташаккур мегӯем”, - гуфт раисҷумҳури Қирғизистон.
Дар муроҷиати худ ба мардум Содир Ҷабборов пешниҳод кардааст, ки бо мақсади пешгирии муноқишаҳои минбаъда, пирони ҳарду ҷониб, ки дар деҳаҳои ҳамсоя ё омехта зиндагӣ мекунанд, комиссияи сулҳ таъсис диҳанд.
“Ман амр додам, ки тафтиши муноқишаро оғоз гардад. Ба иғвогарӣ наафтед! Мо дарк кардем, ки ҷанг ба касе фоидае намерасонад”, - гуфт раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов.