Бонки миллӣ ба “Тоҷикаэронавигатсия” барои се сол иҷозатнома дод

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон қарори дахлдор аз ҷониби Раёсати Бонк санаи 3 майи соли равон ба имзо расид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Субҳонзода таъхири парвоз ба Русияро шарҳ доду гуфт, зарари мусофирон ҷуброн мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ёдрас мешавем, ки корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар 21 зерсохтор 469 нафар кор мекунанд ва дар анҷом додани вазифаи мураккабу заҳматталаби назорату танзими парвозҳо ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас мегузоранд.