ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, дар ин бора cафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод хабар додааст.
Дипломати тоҷик иброз кард, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад санъати кишвари худро ба таври васеъ муаррифӣ кунад ва ба муносибати санаи ҷашнӣ якчанд чорабиниҳо доир намояд.
“5 сентябр ба барқарор шудани муносиботи дипломатӣ байни Беларус ва Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Мо тасмим гирифтаем, ки конфронси байналмилалии илмӣ ташкил ва дар он натиҷаҳои муносиботи дуҷонибаро дар ин давра ҷамъбаст кунем”, — гуфт сафир.
Вай афзуд, ки давраи кунунӣ бо таъсири сирояти коронавирус ба ҳама равандҳо мушаххас мешавад, аммо мо, ба мисли Беларус, маҳдудияти бузург ҷорӣ накардем, марзҳо ва корхонаҳоро набастем. Дарвоқеъ, Беларус ягона кишварест, ки донишҷӯёни мо тавонистанд ба таҳсил бираванд.
“Маориф барои мо самти афзалиятноки рушди Тоҷикистон мебошад. Мо ният дорем, ки шумораи донишҷӯёнро ҳамаҷониба зиёд кунем. Афзоиши солонаи аҳолӣ дар мамлакати мо ба 2% расидааст ва аз ин рӯ ниёз ба хидматрасонии маълумотӣ афзоиш меёбад”, - зикр кард сафир.
Гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ҳамкории зич доранд ва дар масоили самаранокии созмонҳо, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз мавқеъҳои мушобеҳ амал мекунанд.