ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Зани тақрибан 50-солае аз ҷамоати наздимарзии Чоркӯҳ ҳангоми даргириҳо натавонист манзилашро тарк кунад ва маҷбур шуд чанд муддат бо кӯдаконаш дар таҳхона монад.
Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Шаҳноз Комилзода гузориш додаву навиштааст, ки ба хабаргирии занону кӯдакони аз минтақаҳои даргирӣ ба макони амн кӯчдода рафт.
Бино бар иттилои Комилзода, ин зани чоркӯҳӣ ва фарзандонаш ягона хонаводае набуданд, ки натавонистанд аз оташи ҷанг фирор кунанд. Балки даҳҳо зани дигар низ ба чунин ҳолат рӯбарӯ шуданд.
"Ин зан ва кӯдаконаш мисли даҳҳо занони дигар натавонистаанд хонаҳояшонро вақти задухӯрди мусаллаҳона тарк кунанд ва маҷбур буданд дар таҳхонаи манзилашон монанд", - менависад рӯзноманигор.
Вай мегӯяд, "зан бо ҳарос ва овози ларзон дар бораи тамоми даҳшате, ки маҷбур буд дар бештар аз 9 соат тоқат кунад, нақл мекунад".
"Бояд қайд кард, ки тарс ва даҳшатро дар чашмони онҳо то ҳол метавон дид. Вай мегӯяд, ки чанд рӯз аст, ки наметавонад хоб равад", - нақл мекунад Комилзода.
Шаҳноз таъкид кардааст, ки "онҳо дар ҳолати стресс қарор доранд ва бояд барояшон доруворӣ муҳайё кардаву маслиҳати равонӣ расонид".
"Хело хуб мешуд, ки агар гурӯҳи равоншиносон ба минтақа сафарбар карда шаванд", - афзудааст Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст. Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард. Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Имрӯз, 2 май миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи марзӣ имзо шуд, ки тафсилоташро мақомот гуфтанд, дертар иттилоъ медиҳанд.
Теъдоди кушташудаҳо дар марз
Мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 2 май аз кушта шудани ҳудуди 16 нафар хабар медиҳанд.
Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ ба 34 нафар ва маҷруҳон ҳудуди 140 нафар расид.