ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Соати 17:00 вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад ва баъзе сокинон ба хона баргаштанд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба муовини сардори Сарраёсати ҳифзи сарҳади давлатии Хадамоти давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Талантбек Назаралӣ уулу зимни брифинг хабар дод.
"Ба ҳолати соати 17:00 вазъ дар қитъаи Қирғизистону Тоҷикистон марзи давлатӣ мӯътадил аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Назаралӣ уулу, кори комиссияи муштарак дар бораи хуруҷи нерӯ аз хатти сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои истиқрори доимӣ идома дорад.
Имрӯз бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони ҳарду кишвар гузаргоҳҳо (гузаргоҳҳо) дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муваққатан баста шуданд.
Тавре, намояндаи Хадамотиъ
\ марзбонӣ иттилоъ дод, бархе аз сокинони кӯчонидашуда ба хонаҳои худ баргаштанд.
Таниш дар марз
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Теъдоди кушташудагон дар ин даргирӣ беш аз 40 нафар арзёбӣ мешавад.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.