ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон масъалаи додани мақоми махсус ба Боткандро баррасӣ мекунанд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба изҳороти сарвазир Улуғбек Марипов хабар медиҳад.
"Ҳоло чизи асосӣ ин аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем, то ваҳдат ва ҳамбастагӣ дошта бошем, аз шиддат гирифтани муноқиша канорагирӣ намоем", - гуфтааст сарвазир, зимни боздид аз маҷрӯҳони захмишуда дар таниши марзӣ.
Марипов инчунин афзуд, ки ҷабрдидагон аз давлат кумаки зарурӣ мегиранд.
Таниш дар марз
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.