ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз манотиқи даргири марзӣ гуфтанд, шаб ба оромӣ пушти сар шуд, вазъ то кунун (соати 9:45) ором аст.
"Шаб ва то ҳоло оромист. Садои тир шунида намешавад", - гуфт манбаъ.
Ҳамзамон Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ хабар додааст, ки вазъ то соати 9: 00-и якуми май дар марз мӯътадил аст, шабона ягон тирандозӣ ё ҳодиса рух надодааст.
Вазъ дар деҳаҳои Кок-Тош, Самарқандек, Арка-1, Арка-2 ва Борбордук мӯътадил шудааст. Дар қитъаи Жака-Орук, инчунин роҳи минтақаи Торт-Кочо роҳи автомобилгарди Ош-Исфана кушода шуд.
Тартиби ҷамъиятиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ таъмин мекунанд.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.