ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири мури хориҷии Тоҷикистон, 1 май бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия - раиси амалкунандаи САҲА хонум Анн Линде мулоқоти маҷозӣ анҷом додаст.
Тибқи иттилои ВУХ, дар суҳбат масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Муҳриддин дар бораи даргириҳои охир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳамаи сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад гуфтаст. Вазири тоҷик аз ҷумла дар бораи тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод.
Ба раиси САҲА хабар дода шудааст, ки роҳбарони ду давлат зимни суҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, то тамоми масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо роҳи муколамаи дуҷониба дар фазои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл шаванд.
Линде аз тавофуқоти тарафайн истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда, тавассути саъй ва музокироти давомдор барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намуд. Зимнан Раиси амалкунандаи САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард, изҳор дошт Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон