ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Сергей Лавров имрӯз бо вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев ва Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Русия, ин суҳбат бо ташаббуси Лавров сурат гирифта, дар он масоили даргириҳои ахири марзӣ баррасӣ шуданд.
Лавров изҳор доштааст, ки Русия аз созишҳо, ки бо дастури сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон, баҳсҳо танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд, истиқбол мекунад.
"Изҳори умед карда шуд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои ба гирифтаашонро барои комилан ба эътидол овардани вазъ ва барқарор кардани фазои эътимоду ҳамсоягии неки байни ду халқи бародар, қатъӣ иҷро хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ин дар ҳолест, ки президентҳои ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов низ имрӯз зимни суҳбати дубораашон эҳтироми тарафайнро ба тамомияти арзии давлатӣ баён дошта, бори дигар таъкид намудаанд, ки техникаю нерӯ бояд аз марз ба макони доимии худ баргардонда шавад.
Таъкид шудааст, ки бозгардондани нерӯю техника бояд аз ҳарду ҷониб сурат гирад.
Президентҳо созиш кардаанд, ки Комиссияи муштарак барои ревизияи техникаи низомӣ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда мешавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Теъдоди кушташудагон дар ин даргирӣ беш аз 40 нафар арзёбӣ мешавад.