Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Оғози гуфтушуниди марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд

Ҳайатҳои ду давлат вазъи марз ва амалҳои минбаъдаро барои ҳалли низоъ баррасӣ мекунанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Дар вилояти Бодканд музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумат.
"Дар минтақаи Бодканд музокирот байни ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба масъалаи муноқишаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз ёфт",- гуфта мешавад дар паём.
Ҳайатҳоро дар ҷаласа роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвари ҳамсоя Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.
Ҷонибҳо вазъи марз ва амалҳои минбаъдаро барои ҳалли низоъ баррасӣ мекунанд.
Тавофуқ дар бораи музокирот рӯзи 30 апрел дар ҷараёни гуфтугӯи телефонии сарони Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд.
Ёдовар мешавем, ҳамзамон имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов, боз суҳбати телефонӣ анҷом дода, роияи оташбасу гардондани нерӯҳоро баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов амалӣ гардонидани мувофиқаҳои ҳосилшуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд, иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
"Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои доимии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд", - таъкид кардааст котиботи Эмомалӣ Раҳмон.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.