Дарёфти ҷасади ноболиғе пас аз чор рӯзи кофтуков дар Ҳисор

Дар Ҳисор, рӯзи 4-уми корҳои ҷустуҷӯӣ, ҷасади як писари 12-солаи ғарқшударо пайдо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik. Пас аз чор рӯзи ҷустуҷӯ, наҷотбахшони КҲФ Тоҷикистон ҷасади як сокини ноболиғро, ки дар канали Калони Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, щодиса 26 апрели соли 2021 дар ҳудуди маҳаллаи Пахтаободи ҷамоати шаҳри Ҳисор рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми бозгашт аз мактаб навраси 12-солаи маҳаллӣ аз қубури диаметраш 500 метр, ки аз канали бузурги Ҳисор мегузарад, ба об афтода ғарқ шуд.
Фоҷиа ва қаҳрамонии як ноболиғи тоҷик: модарро наҷот доду духтарча ғарқ шуд
Гуфта мешавад, наҷотбахшони КҲФ фавран ба корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шурӯъ карданд. Бо вуҷуди якбора боло рафтани сатҳи оби канал, ҷустуҷӯ 4 рӯз қатъ нашуд.
Рӯзи 30 апрели соли 2021, соати 12:08 ба вақти маҳаллӣ, дар масофаи 1800 метр аз ҷои ҳодиса, наҷотбахшони Кумитаи ҷасади писарро ёфта, ба хешовандонаш супурданд.
Ин ниҳод аз шаҳварвандон даъват кардааст, ки ҳангоми ба лаби дарё, ва кулу каналҳо рафтан аз эҳтиёт кор бигиранду ноболиғонро беназорат нагузоранд.