ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ҳасанҷон Каримов, афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зиндаву саломат аст.
Ин хабарро дар шифохонаи шаҳрии Исфара ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуда, гуфтанд, ки Ҳасанҷон Каримов, мутаваллиди соли 1992, афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зиндаву саломат буда, таҳти тадовӣ қарор дорад.
“Мо аз ин бештар маълумот дода наметавонем, аммо ин афсарро дирӯз аз Хоҷаи Аъло оварданд ва бар асари асобати тир захмӣ буд. Ҳоло хеле бардам аст, ба зудӣ сари по мешавад”, - гуфт ин манбаъ.
Яке аз дӯстони Ҳасанҷон Каримов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф хатмкардаи Институти марзбонии Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) дар шаҳри Қурған буда, унвони капитаниро дорад ва дар сафи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дар отряди шаҳри Исфара хидмат мекунад.
“Ӯ мустақим дар даргириҳои марзӣ ширкат дошт ва рӯзи 29 апрел захм бардошт. Қаблан бо ҳамкоронаш дар алоқа будам, гуфтанд, ки гузашт, баъдан аз як нафар хостам, ки рафта худат бо чашмонат бин, гуфт, дар Исфара ҳамроҳаш бо телефон сӯҳбат кардем. Худоро шукр”, - гуфт ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон ҳоло омори расмии кушта ва захмишудагони даргириҳои рӯзҳои ахир дар марз бо Қирғизистонро эълон накардаанд, аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, теъдоди кушташудагон аз 8 то 10 ва захмиён беш аз 100 нафар тахмин зада мешавад.
Дар миёни кушташудагон сарбозону афсарон низ будаанд, аммо иттилоъ дар бораи онҳо такмилшуда нест.
То ба ҳол ба шаҳодати расидани Салоҳиддин Гадоев, мутаваллиди 17 январи соли 1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар рӯзи 29 апрел аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ шудааст.
Марҳум афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буда, се фарзанд дорад. Ҳамчунин аз шаҳодати Ҷасур ном аз шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич хабар расидааст, ки сарбози қатории нерӯҳои марзбонӣ будааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.