Тошиев: марзбонҳои тоҷик қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд, марз симхорбандӣ мешавад

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон аз натиҷаи гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш изҳор доштааст, ки марзбонҳои тоҷик бояд қаламрави кишварашро тарк кунанду рӯзҳои наздик сарҳад аломатгузорию симхорбандӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Қамчибек Тошиев бо зикри он, ки нерӯҳо аз ҳар ду ҷониб пас гардонда мешаванд, таъкид кардааст, ки масъалаи марз тайи рӯзҳои наздик ҳал мегардаду фавран симхорбандӣ мешавад.
“Тоҷикистон хостори кушодани роҳ ва таъмини барқ ба Ворух шуд. Мо тасмим гирифтем, ин масъаларо иловатан баррасӣ намоем”, - хабар додааст аз қавли Тошиев хабаргузории 24.kg.
Ӯ афзудааст, ки ҷониби Тоҷикистон роҳ ба Қоқ-Тошро мекушояд.
“Инчунин марзбонони Тоҷикистон қаламрави Қирғизистонро тарк мекунанд. Барои такрор нашудани чунин вазъ дар оянда мо як комиссияи махсус ташкил кардем”, - изҳор доштаст Тошиев.
Дар баробари ин ӯ таъкид намудааст, ки бидуни мубодилаи замин ҳалли масоили марзӣ ғайриимкон аст ва афзудааст, ки хонаҳои сӯхта аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ё давлат барқарор хоҳанд шуд.
Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев
“Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки як метр замини дорои аҳамияти стратегиро нахоҳам дод. Аммо дар назар гиред, ки бидуни мубодилаи замин аломатгузории сарҳад нахоҳад шуд”, - таъкид намудаст Тошиев.
Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид бо нашри изҳороти муштарак иктифо кардааст.
Дар изҳорот омадааст, ки аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд.
Инчунин қарор шудааст, ки 1 майи соли равон дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.