Тоҷикистону Чин масоили боркашонии тавассути гузаргоҳи “Кулма-Қаросу”-ро баррасӣ карданд

Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Чин дар масъалаи таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии “Қулма – Қаросу” ва пешгирӣ аз эпидемия дар сарҳад тариқи маҷозӣ доир гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва ҷониби Чинро муовини Раиси ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур – Чжао Тсунтсю роҳбарӣ намуданд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҷонибҳо ҷараёни иҷрои мувофиқаҳои ҷаласаи қаблии Гурӯҳи кориро, ки моҳи март доир гардида буд, фаъолияти кунунии гузаргоҳи марзии “Қулма – Қаросу”, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт ва назорати эпидемияро баррасӣ намуданд.
Вазири нақлиёт: гузаргоҳи "Қулма" дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд
Инчунин тарафҳо таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути ин гузаргоҳ, истифодаи контейнерҳои ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд аз рӯи нақшаи якҷоя, истифодаи ядак ва нимядак дар қатори контейнерҳо, зиёд намудани иқтидори гузариш тавассути гузаргоҳи “Кулма – Қаросу” ва дигар масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ намуданд.

“Дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи марзии “Қулма – Қаросу”, интиқоли саривақтии молҳои мавриди ниёзи мардум ва ба иншооти стратегӣ нигаронидашуда дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”, - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар ин замина, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва дар қатори контейнерҳо истифодаи ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.