ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар натиҷаи муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора зимни брифинг муовини якуми вазири тандурустӣ Ализа Солтонбекова хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.
Гуфта мешавад, 43 нафар, ки дар низои марзӣ ҷароҳатдор шуданд, тавасути ҳавопаймо ба дармонгоҳҳои шаҳри Бишкек интиқол дода шуданд.
Феълан вазъияти 2 маҷрӯҳ вазнин арзёбӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки феълан мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ аз кушта шудани ҳудуди 8 - 10 нафар хабар медиҳанд. Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.