ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кремл гуфутушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар бораи оташбас дар марз ҷонибдорӣ кард, хабар медиҳад вебгоҳи раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, Русия умедвор аст, ки қарори оташбаси қабулкардаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар оянда аз чунин ихтилофот пешгирӣ мекунад.
"Ҳарду ҷониб тавассути вазирони корҳои хориҷӣ робита барқарор карданд" -гуфтааст сухангӯи Кремл ва афзудааст, ки Русия аз ҳодисаи ахири марзӣ миёни ин ду кишвар нигарон аст.
Песков гуфт, ки Русия хабари низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бодиққат пайгирӣ мекунад.
Инчунин, сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев аз шиддати баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буданд.
Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори омодагӣ карданд, ки барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кумак намоянд.
Инчунин, СММ аз вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт.
Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпарронӣ муттаҳам мекунанд.