"Оташбас риоя шуд, марз ором": Тоҷикистон хост, расонаҳои қирғиз иғво наангезанд

Котиботи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо нашри як изҳорот аз риояи оташбасу оромӣ дар марз хабар дода, аз расонаҳои кишвари ҳамсоя даъват намудааст, аз нашри хабарҳои беасос ва иғвоангез худдорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Котиботи ҳукумати Суғд мегӯяд, гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Қирғизистон даст ба кор шуда ва умед аст, ки сулҳу дӯстӣ ғалаба кунад.
Дар изҳороти раиси Суғд омадааст, ки ҷониби Тоҷикистон низоми оташбасро риоят мекунад ва айни ҳол дар марз оромист. Дар тамоми ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оташбас риоя шуда истодааст, таъкид намудаст ҳукумати Суғд.
"Аммо мутаассифона бархе сомонаҳои кишвари ҳамсоя ҳодисаҳои рӯзи гузаштаро асос намуда, ба иғвою дасиса роҳ дода истодаанд. Бинобар ин, даъват мекунем, ки пеши роҳи ҳамагуна иғвову фитнаангезӣ, ки тавассути бархе расонаҳои хабарии ҳамсоягон роҳандозӣ шудааст, гирифта шавад", - омадааст дар изҳороти ҳукумати Суғд.
Афзоиши теъдоди кушташудаҳою маҷруҳон: тафсилоти талафоти ҷонӣ
Раёсати вилояти Суғд таъкид намудааст, ки иттилоъ аз манбаъҳои муътамад гирифта шудаву истифода гардад, на ин ки овозаҳои беасос. "Ба иғвою фитна дода нашавем", - омадаст дар муроҷиатнома.
Котиботи раиси Суғд мегӯяд, даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи гузашта дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар ду ҷонибро ба ташвиш андохт.
Зикр шуд, ки бо талоши дутарафа мувофиқа шуд, амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғд ва Бодканд қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд. Раванди гуфтушунид бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ аз кушта шудани ҳудуди 8 - 10 нафар хабар медиҳанд. Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати субҳи 30 апрел теъдоди кушташудаҳо дар даргириҳои ахири марзӣ ба 13 нафар ва маҷруҳон ба 134 нафар расид.