Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мувофиқаи Раҳмон барои ҷаласаи фаврӣ дар Бодканд: тафсилот

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани ҷаласаи Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитсия ва демаркатсия дар шаҳри Бодканд бо ҳамтои қирғизаш ба мувофиқа расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи фавран баргузор кардани Ҳайатҳои ҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитсия ва демаркатсия дар шаҳри Бодканд ба мувофиқа расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар рафти сӯҳбати телефоние, ки сарони кишварҳо баъди зӯҳри имрӯз доштанд, ба қарор омаданд, ки ин ҷаласа 1 май дар Қирғизистон баргузор мешавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон омори кушташудаҳо ва захмиёни низои марзиро нашр кард
Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Аҳаммияти хассаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида равона шуданд, таъкид гардид.
Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Қирғизистон моҳи май ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ин даъватро аз ҷониби Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст ва Содир Ҷабборов пазируфтааст.

Вазъ дар марз

Вазъ дар марзро баъди ду рӯзи бесарусомнӣ феълан манбаъҳо ором арзёбӣ мекунанд.
Ҷонибҳо аллакай дар бораи оташбас санад имзо карданд ва мувофиқа расиданд, ки техникаву нерӯро аз марз бозпас гиранд ва роҳҳро кушоянд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Созиши Ятимов ва Тошиев барои бозпасгирии техникаву нерӯ аз соати 13:00 ва роҳкушоӣ
Ёдрас мешавем, пештар шаби 30 апрел мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз музокирот изҳороти муштаракеро бо имзои роҳбари КДАМ Тоҷикистон, Саймумин Ятимов ва намояндаи сиёсии ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Омурбек Суваналиев интишор карданд.
Дар ин изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ба даргириҳои мусаллаҳона хотима дода, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида хоҳанд шуд.