Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамдардии Ҷабборов ба хонаводаи қурбониёни муноқишаи марзӣ

Бар асари муноқишаи ахири марзӣ ҳудуди 20 нафар ҷон бохта, дасти кам 150 нафар ҷароҳатдор шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов ба хонаводаҳое, ки наздикони худро дар муноқишаи ахири марзӣ аз даст доданд, изҳори ҳамдардӣ намуд, менависад РИА Новости.
Ӯ ваъда дод, ки давлат ба ҳар як хонаводаи зарардида кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

"Тамоми кишвар дар якҷоягӣ бо мардуми қирғиз, ки дар ҳодисаҳои ахири марзии вилояти Бодканд азизони худро аз даст додаанд, мотам гирифтааст. Ба шаҳрвандони маҷрӯҳ сиҳат шуданро орзу мекунам. Давлат ба ҳамаи қурбониён дастгирии ҳамаҷониба хоҳад расонд", - афзудааст кишвардори Қирғизистон.

Муноқиша байни сокинони маҳаллии минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Даргирӣ миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Дар натиҷаи хунрезӣ, беш аз 150 нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Ҳудуди 20 нафар фавтиданд.
Шоми 29 апрел ҷонибҳо дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расиданд.