Арабистони Саудӣ бо Эрон дӯст мешавад?

Валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфт, Эрон кишвари ҳамсояи мост ва Риёз умедвор аст, битавонад робитаи хубе бо Теҳрон дошта бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ изҳор кард, Риёз дар ҳоли кор бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст то битавонад барои расидан ба равобити хуб бо Эрон, ки ба нафъи ҳама бошад, роҳе биёбад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бин Салмон ба аҳдофи муштараки ду кишвари Эрону Арабистони Саудӣ ишора карду афзуд, Риёз мехоҳад Эрон кишваре шукӯфо бошад ва минтақа ва ҷаҳон ба сӯи рушд ва шукӯфоӣ ҳаракат кунад.
Валиаҳди Арабистон бидуни ишора ба нақзи мукаррари тавофуқи оташбас аз сӯи кишвараш дар Яман низ иддао кард, Риёз умедвор аст, Давлати наҷоти миллии Яман тавофуқи оташбасро бипазирад ва бар сари мизи музокирот бинишинад.
Кумаки моддии Арабистони Саудӣ ба 9331 нафари ниёзманд ба муносибати моҳи Рамазон
Арабистони Саудӣ ду моҳи пеш ибтикори амалиро пешниҳод кард, ки ба иддаои Риёз ба дунболи таҳаққуқи сулҳ дар Яман аст.
Давлати наҷоти миллии Яман тарҳи Арабистонро ғайри воқеъбтнона ва такрори зиёдахоҳиҳои мутаҷовизон дониста ва бар таваққуфи ҳамалоти заминӣ ва ҳавоӣ ва лағви муҳосираи шашсолаи Яман ба унвони аввалин гом ба сӯи оташбас дар ин кишвар таъкид кардааст.