Нигаронии Расулзода аз кам шудани сармоягузориҳои мустақими Русия ба Тоҷикистон

Ба қавли сарвазири Тоҷикистон, пандемия ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар рафти ширкат дар нишасти нахуствазирони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки дар пайи пайомадҳои манфии коронавирус дар муносибатҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодии Маскав ва Душанбе "бояд роҳҳои нави рушди онро пайдо кард".
"Мақсади асосии мо дар ин давра бояд қабули қарори якҷояи такон бахшидани робитаҳои тиҷориву иқтисодӣ, ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва сноатӣ бошад", - таъкид кардааст Расулзода.
Қоҳир Расулзода озими Қазон шуд
Вай афзудааст, ки дар соли 2020 ҳаҷми маблағгузориҳои бевоситаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон "ҳамагӣ 14 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 13 миллион доллараш ба алоқаи мобилӣ рост меояд".

"Чунин мешуморем, ки ин нишондод ба иқтидори мавҷуда рост намеояд ва дар давоми 10 соли ахир аз ҳама нишондоди паст ба ҳисоб меравад. Аз ин бармеояд, ки дар бахши маблағгузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон Русия ҳатто ба даҳгонаи аввал ворид нашудааст".

Қоҳир Расулзода
Сарвазири Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Мишустин, ҳамтои тоҷикашро бовар кунонидааст, ки Русия Тоҷикистонро чун шарики стратегӣ арзёбӣ мекунад.
"Маскав омода аст, ки бо Русия муносибатҳоро дар асоси дӯстӣ, бародарӣ ва эҳтироми ҳамдигар бисозад".
Михаил Мишустин
Сарвазири Русия
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон шарики муҳими тиҷории Русия мемонад.