Назорати маводи мухаддир пурзӯр мешавад: Стратегияи нави Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Дар Душанбе Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 20 марти соли равон тасдиқ гардидааст, муаррифӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Ахиран дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раисии муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.
Бино бар иттилои Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ин ҷаласа Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентӣ дар бораи ҳамкории вазорату идораҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар доираи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” изҳори назар намуд.
Ба иттилои манбаъ директори Агентӣ стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-ро, ки бо фармони Президенти мамлакат аз 20 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, муаррифӣ кард.
Мардуми Ишкошимро аз хатари нашъамандӣ огоҳ карданд
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии санади мазкур таъмини амнияти Тоҷикистон аз таҳдидҳои маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилаллӣ ба ҳисоб меравад, иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Рустам Бойбалазода вазъи нашъамандӣ, сабаб ва омилҳои бақайдгирӣ, аз қайд баровардан, фавт ва заҳролудшавии нашъамандонро дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи ҷаласа муовинони раисони вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ сабабу омилҳои зиёд ба қайд гирифта шудани беморони нашъаманд дар минтақаҳои мазкур ҳисобот доданд.
Мусодираи зиёди маводи мухаддир дар ВМКБ: шарҳи Агентӣ аз боздошту ҳабс
Дар ҷамъбасти ҷаласа масъалаҳои баррасишуда мавриди муҳокима ва музокира қарор дода шуда, мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам инкишоф додани мафкураи тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшанд ва ҷиҳати пешгирии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ин радиф оид ба фаъолияти минбаъда нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор барои шашмоҳаи дуюми соли 2021 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.