Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Навори интиқоли захмиёни марзӣ ба бемористон дар Исфара

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахусти наворҳо аз интиқоли захмиён танишҳои марзӣ ба бемористон дар Исфара нашр мешавад
Sputnik
Танишҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз шоми 28 апрел оғоз шудаву имрӯз печида шуданд.
Агар дирӯз сокинони Хоҷаи Аъло ва Оқсой ба ҷониби ҳамдигар санг мепошиданд, имрӯз кор ба тиркушоӣ гузашт. Фекълан вазъияти муташанниҷ дар се деҳаи марзии Тоҷикистон - Соомниён, Хоҷаи Аъло, Чорқишлоқ идома дорад.
Тавре дар навор дида мешавад, бо Ёрии таъҷилӣ як нафарро ба бемористон меоранд ва издиҳом ба назди мошин наздик мешавад.
Дар натиҷа нафари захмиро духтурон ба беморхона медароранд ва аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
"Роҳи Чоркӯҳ-Ворух озод шуд”: тафсилот аз тирандозиҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Аммо як нафаре, ки дар назди бемористон меистод, мегӯяд, ки захмишуда хешованди ӯст ва ҳолаш мӯътадил аст.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.