Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Генерал Навҷувонов дар марз: ӯ гуфт, вазъ зери назорат аст

Дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ, генерал Абдулло Навҷувонов ба шаҳри Исфара дар марз бо Қирғизистон сафар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шамадов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутаасифона то ҳол вазъ дар марз ба эътидол наомадааст.
Аммо ӯ изофа кард, ки зимнан намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса қарор дошта, барои ором шудани вазъ бо ҷониби Қирғизистон гуфтугузор доранд.
"Феълан раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва сардори раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва аз мардум даъват мекунанд, ки ором шаванд ва таъкид мекунанд, ки мақомот ин масъаларо зери назорати худ гирифтааст", - таъкид кард Зубайдулло Шомадов.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз бо Қирғизистон - чӣ шуду чӣ мегузарад
Шомадов таъйид кард, ки баҳси дирӯза дар ҳақиқат аз назди нуқтаи обтақсимкунии "Головной", ки дар Тоҷикистон "Платина" низ мегӯянд сар шуд.
"Дар ҳоле, ки ҷониби Қирғизистон низ дар ин ҷо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда буданд, баъди насби камера аз ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи гузашта талаб карданд, ки камераро ҷониби Тоҷикистон бардорад", - таъкид кард вай.
Дар пайи ин муноқиша шаби гузашта Хадамоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки он аз ҷониби сокинони ҳамсоякишвар сар зада, ҳатто дар он низомиён дар либоси мулкӣ истифода шудаанд, ки дар пайи он 7 сокини Чоркуҳ захмӣ шуданд.
Субҳи имрӯз бошад Қирғизистон Тоҷикистонро дар сангандозӣ ва оташкушоӣ муттаҳам кард.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон дар се деҳоти марзӣ бо Тоҷикистон ҳолати фавқулода ҷорӣ кард
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Ёдовар мешавем, муноқиша дар як минтақа сар зад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Бино ба иттилои охирини расида аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон, тарафи Қирғизистон нахуст оташ кушодааст, ки дар натича ду тан сокинони дигар Чоркуҳ аз пешона ва пой захм бардоштаанд.