Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Манбаъ: тирпарронӣ дар марз се маҳалро фаро гирифт

Сокинони наздимарзии шаҳри Исфара мегуянд, вазъ дар марз бо Қирғизистон то ба ҳол ором набуда, балки ҳалли муноқиша ба мушкил мувоҷеҳ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъ аз шаҳри Исфара дар пайи муноқишаи ахири марзӣ, ки аз дирӯз сари тақсими об шурӯъ шуд, ҳоло дар се ҷамоати шаҳри Исфара, ки ҳамсарҳад бо Қирғизистон аст, садои тирпарронӣ шунида мешавад.
“Муноқиша дар Хоҷаи Аъло, Сомониён, деҳаи Лангари деҳаи Чорқишлоқи ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух идома дорад”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Сокинон мегӯянд, ҳоло сарҳадбонони қирғиз дар роҳи миёни Чоркӯҳ – Хоҷаи Аъло бо силоҳ истода, барои рафтани сокинон ба сари обанбор иҷоза намедиҳанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошканд гуфт, омодааст дар ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад
Як манбаъ аз Бемористони марказии шаҳри Исфара гуфт, дар пайи тирпаррони ахир ҳудуди 15 нафар захмин шуда, ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Барои ба эътидол овардани вазъ мақомоти баландмақоми ниҳодҳои қудратӣ ба ҷойи ҳодиса сафар кардаанд.