Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар Исфара маълумот оид ба кушташудагону захмиёни муноқишаи марзиро гуфтанд

Маълумоти пешакӣ дар бораи кушташудагон ва захмиён дар натиҷаи низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дастрас шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, се нафар кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ шуданд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон манбаъҳо дар маъмурияти Исфара.
"Ҳама кушташудагон ғайринизомиён мебошанд" гуфт манбаъ.
Аз шумораи умумии маҷрӯҳон, ҳафт нафар 28 апрел ҳангоми задухӯрди оммавӣ бо сангҳо ва ду нафар субҳидам дар деҳаи Хоҷа Аъло маҷрӯҳ шуданд.
"Вазъи баъзе аз ҷабрдидагонро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд", - гуфт манбаъ.
Дар байни шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода низ ҳаст.
Аз ҷониби Қирғизистон, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, 51 нафар маҷрӯҳ шуданд, се нафар фавтид, ки дар байни онҳо духтари 13-сола низ будааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси шаҳри Исфара захмӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сабаби насби дурбина дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, бадтар шудааст.
Аввалин занозанӣ байни сокинони маҳаллӣ шоми 28 апрел рух дода.Бархӯрд миёни нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 29 апрел оғоз ёфт.
Мақомотоҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин даргириҳо якдигарро айбдор карданд.
Даргириҳо миёни низомиён то шом идома кард. Пас аз музокироти сатҳи баланд байни вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ҷумҳуриҳо, қарор шуд, ки оташбас эълон карда шавад.