ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Виталий Ванцев, роҳбари шӯрои директорони фурудгоҳи Внуково ба хабаргузории РБК гуфт, ки наздик ба фасли тобистони соли равон нархи чиптаҳо дар Русия боло хоҳад рафт.
Ба гуфтаи ӯ, дар вазъи кунунии бозор бинобар пандемияи коронавирус, ширкатҳо бояд ё фаъолияти худро қатъ кунанд ё тамоми таруфаҳоро зиёд намоянд.
"Умуман, чеки миёна дар соли 2020 дар як самт нисбат ба соли 2019 хеле коҳиш ёфт", - тавзеҳ додааст Ванцев.
Ба гуфтаи масълуи фурудгоҳи Внуково, пардохтҳои қарзи лизингӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо доллар сурат мегирад ва ҳоло қурби рубл нисбат ба доллар 15-20 дарсад коҳиш ёфтааст.
Илова бар ин, дар ин муддат нархи сӯзишворӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи чиптаҳо боло нарафтааст ва ба ҳамин хотир ҳоло ҳамаи ширкатҳо дар вазъи душвори иқтисодӣ қарор доранд.
"Ин равшан аст, қавонини иқтисодӣ ҳастанд, бо онҳо баҳс кардан комилан беҳуда аст" - гуфт раиси Шӯрои директорони фурудгоҳи Внуково.
Дар ҳамин ҳол, Ванцев ҳушдор медиҳад, ки нархҳоро хеле "босалоҳият ва бодиққат" бояд боло бурд, то шумори парвозҳо кам нашавад.
Аҳамият диҳед, ки сомонаи бузурги фурӯши чиптаҳои онлайнии Aviasales, Tutu.ru, Kupibilet ва OneTwoTrip дар аввали моҳи апрел болоравии нархи чиптаҳоро аз 15 то 120 дарсад дар хатсарҳои алоҳида барои моҳҳои апрел-июни соли 2021 ба қайд гирифта буданд. Аммо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Вазорати нақлиёт ин маълумотро рад карданд.
Внуково сеюмин фурудгоҳи бузургтарин дар Русия аст. Соли гузашта бинобар пандемия гардиши мусофирони он 48% коҳиш ёфта, ҳамагӣ 12,6 миллион нафарро ташкил дод.
Ёдрас мешавем, ки ахиран намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ Русия ва Тоҷикистон дар бораи то ба 50 дарсад арзон шудани нархи чиптаи ҳавопаймо таъкид мекунанд.
Зимнан арзиши чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистн ба Русия, ки ширкатҳи ҳавопаймоӣпарвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд то ба 8,4 ҳазор сомонӣ поён оварда шудааст.