ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар маҳал мегӯянд, ин даргирӣ ҳаволии соати 16.00 баъд аз зуҳр иттифоқ афтодааст.
“Аз сӯи марзбонони қирғиз ба сӯи посгоҳи мазкур тирпарронӣ сурат гирифт ва дар пайи вокуниши шадиди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамлакунандагон ба қафо зада шуда, рӯ ба фирор оварданд. Касе ҷиддан захмӣ нашуда, талафоти ҷонӣ низ вуҷуд надорад. Фармони ҳамла ба пеш аз хати марз аз сӯи фармондеҳони марзбонии тоҷик дода нашуд”, - гуфт манбаъ.
Посгоҳи марзӣ ва гузаргоҳи марзии Овчӣ Қалъача миёни навоҳии Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст.
Ин даргирӣ дар пайи он иттифоқ афтод, ки ҳамчунин даргириҳо дар қисматҳои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳу Ворухи Исфара ва Бодканди Қирғизистон низ ҷараён доштанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи дипломатию сиёсӣ ҳалли худро пайдо мекунад ва раҳбарони ниҳодҳои қудратии ду кишвар дар шаҳри Исфара ба таври оҷил сари мизи музокирот хоҳанд нишаст.
Ёдовар мешавем, муноқишаи навбатӣ рӯзи гузашта оғоз шуда шоми имрӯз бо оташас поён ёфт, ки дар пайи аз ҳарду ҷониб захмиҳо дошт.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.