ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз камомади маблағҳои пулӣ дар корхонаи давлатие хабар додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санҷиш аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ тафтиши фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳии шаҳраки Ёвон” гузаронида шуд.
Зимни санҷиши корхонаи мазкур дар давраи аз моҳи июли соли 2020 то моҳи январи соли 2021 ба маблағи умумии 399, 004 сомонӣ камомад ошкор гардид, мегӯяд манбаъ.
Гуфта мешавад, аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 110,3 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.
Ин ниҳод гуфтааст, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои дахлдор тартиб дода шуда, санҷиши он идома дорад.
Ёдовар мешавем Палатаи ҳисоби Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар пайи 272 чорабинии аудиторӣ вазорату корхонаҳо, зарари молиявиро ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ муайян намуд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки ҳарчанд шумораи аудитҳо кам карда шуданд, аммо зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ зиёд шуд.