Коронавирус қаҳрамонии Осиёро аз Ҳиндустон ба Дубай таҳвил дод

Дар Ҳиндустон, ки вазъи коронаиврус ҳамарӯза рӯ ба бадшавӣ ниҳодааст, аз ин рӯ Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар ин кишвар доир намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Макони баргузории Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс тағйир ёфт, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа бояд дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мешуд, вале ба далели бад будани вазъи коронавирус дар Ҳиндустон, Қаҳрамонии Осиё ҳамакнун дар Дубай доир хоҳад шуд.
Макони баргузории Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар соли оянда дақиқ шуд
Гуфта мешавад, мусобиқаи аз 21 май то 1 июн идома меёбад ва Тоҷикистонро 14 муштзани ҳам мардона ва ҳам занона муаррифӣ мекунанд.
Дар робита ба тағйири макони мусобиқа, роҳбарияти Конфедератсияи бокси Осиё изҳор доштааст, ки "дар масъалаи бақайдгирӣ ба ҳар дастае, ки кумак лозим бошад, метавонанд муроҷиат кунанд ва мушкили онҳо зуд бартараф мешавад".
Бояд гуфт, ки дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс муштзанҳои синну соли аз 19 то 41 - сола имкони иштирок карданро доранд.
КМО мегӯяд, варзишгарони тоҷикро мураббиён - Мирзо Шамсиев, Парвиз Аҳмадов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.