ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Нигина Абдусаломова, модари 43-солаи Ҳувайдо Тиллозода, духтараки дар Русия кушташуда мегӯяд, баъди гузашти се сол аз ҳодиса то ҳол бовар карда наметавонад, ки фарзандашро аз даст додааст.
Нигина Абдусаломова дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкилии дигаре, ки пас аз марги Ҳувайдо ба сараш омад, мубориза бо бемории фалаҷи фарзандаш Фархунда Тиллозода гуфт.
Ҳамчунин вай афзуд, ки баъди марги фоҷебори духтаракаш бемор гаштааст ва ин мушкилашро дучанд мекунад.
Ёдрас мешавем, пештари падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов тавассути расонаҳои хабарӣ аз мақомот хоҳиш кард, ки дар табобати фарзанди бемораш Фархунда Тиллозода, ки фалаҷи майнаи сар дорад, кӯмак кунад. Дератар хабар дода шуд, ки мақомот ба додаш расиданд.
Нигина Абдусаломава мегӯяд, як курс табобатро дар хона гирифтанд ва бояд идома диҳанд.
Ба гуфтаи модари кӯдак, Фархунда, ки моҳи март расо 5-сола шуд, то ҳол роҳ гаштанро наомӯхтааст.
"Роҳ гашта ва гап зада наметавонад, танҳо "ҳа" ва "не" мегӯяд. Бемории камхунӣ низ дорад. Баъди табобате, ки духтурон дар хона карданд, феълан бади чанд рӯз бояд дар бемористон камхуниашро табобат кунем ва сипас табобатро дар осоишгоҳ идома диҳем", - мегӯяд зан.
Модари Ҳувайдо мегӯяд, аз сабабе, ки қариб ду сол табобат нагирифтанд, вазъӣ кӯдак бадтар шуд.
"Баъди марги Ҳувайдо ман худам бемор шудам. Дилам мезанад ва фишорам баланд мешавад. Бо худ овора гаштаву натавонистам аз пайи кӯдаки бемор шавам, имконияти молӣ ҳам набуд", - шиква мекунад Нигина.
Ӯ мегӯяд, феъалан падари Фархунда, ки дар Русия аст, кор намекунад.
"Агар Абдусалом кор мекард, каме мушкиламон камтар шуд. Аммо мутаассифона ӯ ҳам аз паси догоҳҳо саргардонам аст, ки кай қотили фарзандамон ҷазо мегирад", - мегӯяд модари Ҳувайдо.
Нигина Абдусаломова меафзояд, ки бо гузашти се соли куштори Ҳувайдо ҳарчанд ба тақдир тан додааст, то ҳол бовар намекунад, ки фарзандашро гум кардааст.
"Ҳувайдо то ҳол дар хобам медарояд. Ӯ ором ва саломат менамояд, аммо вақте бедор мешавам, аламҳоям тоза мегардад ва танҳо орзу мекунам, ки қотили фарзандам ҷазои сазовор гирад", - мегӯяд зан.
Куштори Ҳувайдо дар Серпухов
Соли 2018, моҳи июл куштори як духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ҷомеаи Русия ва Тоҷикистонро такон дода буд. Ҳодиса дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дод.Духтарак бо падар ва модараш дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳр ба сар мебурданд.
Падари хонавода Абдусалом Саидов то замони ҳодиса кор мекард, модари Ҳувайдо Нигина Абдусаломова фарзандонашонро нигоҳубин мекард.
Ҳувайдо Тиллозода аз майдончаи бозие, ки дар назди хонаашон буд, нопадид шуд ва баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадашро аз назди роҳи оҳани шаҳр пайдо карданд.Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан 3 сол мегузарад, то ҳол гумонбари асосӣ Александ Сёмин ҳукм нагирифтааст.
Сёмин ҳудуди 2 солу се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ табобат мегирифт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро солим эътироф карданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтаву парвандаро ба тафтишот баргардониданд.