ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонзода, сухангӯи парлумон, дар ҷаласаи имрӯза вакилон пешниҳоди президент дар бораи барканории Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистонро пазируфтанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон пешниҳоди дигари Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин вазифа пешниҳод намудани Миҷгона Бобозода низ дар Маҷлиси намояндагон дастгириӣ ёфт.
Ҳамакнун Миҷгона Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак инчунин вазифаи муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода аз замони таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (2016) раҳбарии онро ба зима дошт.
Роҳбари нави Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода қабл аз расидан ба ин вазифа ҳамчун сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.