ДУШАНБЕ, 28 апр— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро аз вазифаи намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар Созмони Милали Муттаҳид озод карда, ба ҷояш Ҳикмат Ҷонибек Исмоилро таъйин намуд.
Бар асоси саҳифаи Ҷонибек Ҳикмат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ соли 2000-ум мактаби байналмилалӣ ва соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
Ҳикмат Ҷонибек Исмоил, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ
© акс котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав ҷои кораш Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Ҷонибек Ҳикмат дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро донандаи забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ муаррифӣ намудааст.
Дар ҳамин ҳол феълан маълум нест, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов баъди барканорӣ чӣ вазифаи нав мегирад. Дар фармони барканорияш сабаб – гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки 22 апрел 60-сола шуд, қаблан дар лоиҳаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, сипас дар “Ориёнбонк” ва баъдан ба ҳайси раиси “Амонатбонк” - у Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ аввали соли 2014 аз мақоми вазирӣ барканор гардида, ба ҷойи Сироҷиддин Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъйин гардид.
Аслов баъди намояндагӣ дар СММ вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Маҳмадаминовро кадом мақом интизор аст, феълан маълум нест.