Раҳмон ва Шойгу амнияти минтақавиро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вазъи минтақаро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ширкат дар мулоқот бо сарони Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД бо вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу мулоқот кард, хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба вазорати дифои Русия.

"Дар мулоқот масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД баррасӣ шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Хабар дода мешавад, ки пас аз мулоқот бо Раҳмон вазирони дифои кишварҳои узви СААД дар майдони Дӯстӣ бар пояи муҷассамаи Исмоил Самонӣ гулчанбарҳо гузоштанд.
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Мирзо: вазири дифои Русия дар Душанбе
Бояд гуфт, вазири дифои Русия дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД ширкат карда, бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо мулоқоти дуҷониба дорад.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишвраҳои узви СААД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои рафъи онҳо баррасӣ мешавад.
Шойгу сабаби интиқол додани нерӯҳои Русия ба марзҳои ғарбиро шарҳ дод - навор
Инчунин доир ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД табодули назар сурат мегирад.
Шойгу гуфт дар барқарор шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ӯ низ саҳм дошт
Ёдрас мешавем, ки ба СААД Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Соли 2021 СААД-ро Тоҷикистон раисӣ мекунад.