ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дидору мулоқот кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Дар ин мулқоқот, вазирони дифои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД ширкат карданд.
Ин нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар СААД дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ин тадбирро ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон арзёбӣ кард ва гуфт, ба амнияти кишварҳо чӣ таҳдиди мекунад.
"Дар мисоли пандемияи COVID-19, мо дидем, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти мо чӣ таҳдид мекунад", - гуфт президенти Тоҷикистон.
Дар ин росто, зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гардад.
Ҳамчунин дар ин нишаст, таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили нерӯҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, нерӯҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиаи Созмон арзёбӣ гардид.
Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистон ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.