ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ҳодисаи нохуш 20 рӯз пеш зимни шикори мурғобӣ рух додааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, марди тахмин 30-35-солаи сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 20 рӯз пеш дар пайи шикори мурғобӣ ба оби Панҷ сарозер шудааст.
Бино ба гузориши сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷасади марҳумро соати 11:56 дақиқаи рӯзи 26-уми апрел дар қаламрави деҳаи Зинги ҷамоати деҳоти Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз дарёфт кардаанд.
КҲФ мегӯяд,, ҷасади мард аз ҷониби сокинон дарёфт гардида, ба кормандони ҳифзи супорида шудааст.
Тафтишот муайян карда, ки шаҳрванд Гулобиддин Валади Муҳамаддин сокини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.
Ҷасади ӯро соати 14:20 дақиқа кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи пули деҳаи Рузвай ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол доданд.
Ёдрас мешавем, ки пештар сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии рақами 9-и деҳаи Тишори ҷамоати Поршиневи ВМКБ духтари 20 - соларо аз марг наҷот доданд.
Духтари 20 - сола, ба қасди худкушӣ, худро ба қаъри дарёи Панҷ партофта буд.